Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои даври аввали Ҷоми Иттиҳод-2012


Рӯзи 19-уми январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия мусобиқаи Ҷоми Иттиҳод-2012 оғоз ёфт.

Дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки то 29-уми январ дар маҷмааҳои варзишии Санкт-Петербург (СКК “Петербургский” ва ДСИ “Зенит”) идома хоҳад кард, барои бори аввал дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 21-солаи 11 кишвари Ҷомеаи Маштаракулманофеъ ва Балтик, инчунин, тими мунтахаби ҷавонони Эрон ширкат меварзанд.

Ба гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Русия, Қазоқистон, Эстония, Туркманистон, ба гурӯҳи “B” Украина, Молдова, Қирғизистон, Латвия ва ба гурӯҳи “С” Беларус, Литва, Тоҷикистон ва Эрон дохиланд.

Натоиҷи бозиҳои рӯзи аввали мусобиқот:

Гурӯҳи “А”

Эстония - Туркманистон - 0:1

Гол: Аннасахатов, 83 (1:0).

19-уми январ. Санкт-Петербург. СКК «Петербургский». 300 тамошобин.

Русия – Қазоқистон – 1:0 (1:0)

Гол: Заболотний, 23 (1:0).

19-уми январ. Санкт-Петербург. СКК "Петербургский". 5000 тамошобин.

Гурӯҳи “B”

Қирғизистон - Латвия - 2:3

Голҳо: Карашаускс (0:1), Мурзаев, 21 – аз пеналти (1:1), Кичин, 34 - автогол (1:2), Мусобеков, 84 (2:2), Варданянс, 86 (2:3).

19-уми январ. Санкт-Петербург. СКК «Петербургский». 300 тамошобин.

Украина - Молдавия - 1:0

Гол: Шевчук, 15 (1:0).

19-уми январ. СКК «Петербургский». 300 тамошобин.

Исроил Шарифов, узви кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз шаҳри Санкт-Петербург ба “Озодӣ” хабар дод, ки дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар дар меҳмонхонаи “Пулково” иқомат доранд.

Ӯ афзуд, “барои омодагӣ ва ширкати даста дар ин мусобиқа ҳамаи шароитҳо фароҳаманд. Бозиҳои дастаи Тоҷикистон дар СКК “Петербургский” (маҷмааи варзишиву фарҳангии “Петербургский”) баргузор мешавад. Нахустин бозии футболбозони тоҷик бо тими Литва рӯзи 20-уми январ соати 15 ба вақти Маскав оғоз меёбад. Дастаи Тоҷикистон мақсад дорад, ки ба даври баъдӣ роҳ ёбад. ”

Ба иттилои ҷаноби Шарифов, рӯзи 19-уми январ дар Санкт-Петенрбург ҷашни 100-солагии Иттиҳодияи футболи Русия таҷлил гардид. Дар ҷамъомади ботантана ба ин муносибат Ҷозеф Блаттер, президенти ФИФА (Федеросиюни байнулмилалии футбол), Мишел Платини, раиси УЕФА (Созмони футболи Аврупо), Сергей Фурсенко, раиси РФС (Иттиҳодияи футболи Русия) ва роҳбарони бархе аз федеросиюнҳои миллӣ, минҷумла, Федератсияи футболи Тоҷикистон ширкат доштанд.

Тақвими бозиҳо

19-уми январ

12.00. Украина – Молдова – 1:0
14.15. Қирғизистон – Латвия – 2:3
17.00. Русия – Қазоқистон – 1:0
20.00. Эстония – Туркманистон – 0:1

20-уми январ

12.30. Беларус – Эрон.
15.00. Тоҷикистон – Литва.
17.30. Қазоқистон – Туркманистон.
20.00. Русия – Эстония.

21-уми январ

12.30. Украина – Қирғизистон.
15.00. Молдова– Латвия.
17.30. Беларус – Тоҷикистон.
20.00. Эрон - Литва.

22-юми январ

12.30. Украина – Латвия.
15.00. Молдова – Қирғизистон.
17.30. Қазоқистон - Эстония.
20.00. Русия – Туркманистон.

23-юми январ

17.30. Беларус – Литва.
20.00. Эрон – Тоҷикистон.

24-уми январ

18.00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.
20.00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.

25-уми январ

12.30. ¼ финал.
15.00. ¼ финал.
17.30. ¼ финал.
20.00. ¼ финал.

26-уми январ

18.00.Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.
20.00.Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.

27-уми январ

12.30.Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум.
15.00.Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум.
17.30. 1/2 финал.
20.00. 1/2 финал.

28-уми январ

12.30. Бозӣ барои ҷойи 11-ум.
14.30. Бозӣ барои ҷойи 9-ум.

29-уми январ

12.00. Бозӣ барои ҷойи 7-ум.
14.15.Бозӣ барои ҷойи 5-ум.
16.30.Бозӣ барои ҷойи 3-юм.
19.00. Финал ё бозии ниҳоӣ.

Эзоҳ: вақти оғози бозиҳо ба вақти Маскав аст.
XS
SM
MD
LG