Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати обу мелиоратсияи Тоҷикистон бо назардошти боришоту мизони рутубати қабати замин, соли равонро соли серобӣ ва боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳои Тоҷикистон медонад.

Раҳмат Бобокалонов, вазири обу мелиоратсияи кишвар рӯзи панҷшанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки дар қиёс бо соли гузашта, ки камобӣ дар ҳавзаҳои Сиру Ому ба 40 дарсад баробар буд, имсол мушкилоти норасоии об дар миёни кишварҳои болооб ва поёноб аз байн хоҳад рафт:

«Имсол об бисёр аст ва боришот бисёр аст намнокии замин беҳтар аст, барои обёрии заминҳои кишвар об сарф шавад ҳам, барои ин истифодаи барқи зиёд лозим меояд. Ва агар аввали баҳор ҳам ҳамин хел боришот идома кунад, вазъият бештар хоҳад шуд ва хурсандибахш аст, ки вақтҳои ахир об ба баҳри Арал ҳам мерезад.»

Камбуди об дар солҳои гузашта, ҳангоми тақсими об миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, хусусан дар миёни кишварҳои болооби Тоҷикистону Қирғизистон ва кишварҳои поёноб- Узбакистону Туркманистон ва Қазозистон баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд меовард. Ҳоло коршиносони соҳаи обу обёрии Тоҷикистон мегӯянд, ки бо беҳтар шудани вазъи об дар соли равон, шояд ин мушкил аз байн равад.

Яраш Пӯлодов, раиси Пажӯҳишгоҳи обу мелиоратсияи Тоҷикистон мегӯяд: «Дар ҳақиқат соли 2012 бинобар боришоти зиёд захоири оби ҳавзаҳои Сир ва Ому бештар хоҳад шуд. Ва онро Марказҳои таҳқиқоти мо тасдиқ кардаанд. Ва албата ин барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ , хусусан барои кишоварзони ин минтақа беҳтар хоҳад буд. Албата дар тақсими об баъзе печидагиҳо байни давлатҳо вуҷуд дорад, вале захоири зиёди об метавонад онро бартараф кунад.»

Ва аммо бо вуҷуди серобӣ дар соли равон, вазири обу мелиоратсия Раҳмат Бобокалонов аз як хатари ҷиддӣ барои кишвар ҳушдор дод. Ба қавли вай, дар пайи афзоиши мизони об дар рӯдхонаҳои Тоҷикистон, обезиву селобҳо ба хоҷагиҳои кишвар таҳдид хоҳад кард: «Масъалаи зиёдшавии селу обхезиҳо дар моҳи апрелу майи соли равон хоҷагиҳои моро таҳдид мекунад ва моҳи февралу марту апрел мо ҷиддан омодагӣ гирем ва аз сар задани ин хатарот ҷилавгирӣ кунем. Рӯзи гузашта президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукуматӣ ҳамаи ниҳодҳоро аз ин хатар ҳушдор дод ва таъкид кард, ки омодагӣ гиранд.»

Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори тоҷик

Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори тоҷик

Воқеан ниҳодҳои Тоҷикистон дар ҳодисаҳои селхезӣ нишон доданд, ки омода барои ҷилавгирӣ аз селхезиҳо нестанд. Намунаи рӯшани он обхезии сойи Тебалай дар шаҳри Кӯлоб дар соли 2010 мебошад, ки оби дарёи канори шаҳри Кӯлоб боло шуда, шаҳрро зери об гузошт. Дар Кӯлоб 15 ҷасад, дар Шӯробод 5 ҷасад ва дар Норак 1 ҷасад ёфт шуда буд.

Рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Аҳмади Иброҳим, ки доири ба вазъи сои Тебалай чанд мақолаи пажуҳишӣ навиштааст, мегӯяд, ки ба тозагӣ бо сардори бахши ҳолатҳои изтирории Кӯлоб ҷаноби Усмонов суҳбат кардааст.Ҷаноби Усмонов гуфтааст, ки идораи ҳолатҳои изтирории Кӯлоб ҳатто як арғамчин надорад ва аслан омода ба ҳолатҳои изтирорӣ намебошад.

Ба қавли Аҳмади Иброҳим, ҳанӯз ҳам вазъи сойи Тебалай хатарнок аст: «Соҳилҳои ин сой дар назди «масҷиди Мулоҳайдар» комилан кушода аст ва ҳам дар нуқтаи дигар дар рӯбарӯи «Санэпидемстансия» боз аст. Агар дубора селхезӣ шавад, ними шаҳри Кулобро зарар мерасонад, вале агар оби сой дар рӯбаруи «масҷиди Мулоҳайдар» барояд, тамоми шаҳри Кӯлобро фаро мегирад.»

СЕЛХЕЗӢ ДАР КӮЛОБ (НАВОР АЗ БОЙГОНӢ)


Як корманди Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ мегӯяд, ки дар ҳақиқат ниҳодҳои изтирорӣ ва наҷотбахши Тоҷикистон омода нестанд, ки сареъан дар ҳолатҳои фавқулодда ба мардум расидагӣ кунанд. Зеро камбуди маблағу техникаи замонавӣ имкон намедиҳад, то дар зудтарин фурсат ба кӯмаки мардум бирасанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG