Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Араб вазъи Сурияро баррасӣ мекунад


Мақомоти Иттиҳодияи Араб мегӯянд, дар андешаи тамдиди маъмурияти нозирони худ дар Сурия ҳастанд ва ин масъаларо рӯзҳои оянда баррасӣ мекунанд. Маъмурияти нозирони иттиҳодия, ки барои мушоҳидаи авзоъ ва мусоидат ба хотимаи хунрезӣ ба Сурия рафта буданд, рӯзи панҷшанбе ба поён расид, вале Иттиҳодияи Араб гуфт, то замони муаяйн шудани шеваи кори баъдӣ нозирон дар Сурия мемонанд. Тазоҳургарон дар Сурия нозирони иттиҳодияро интиқод мекарданд, ки саркӯбиҳои онҳо аз тарафи ҳукумати раиси ҷумҳур Башшор Асадро пинҳон медоранд. Ба гуфтаи Созмони Милал аз моҳи марти соли гузашта то кунун дар ҷараёни тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Сурия бештар аз 5 ҳазор нафар кушта шудаанд. Танҳо рӯзи панҷшанбе аз марги 16 нафари дигар гузориш расид.
XS
SM
MD
LG