Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари хуши Тоҷикистон барои тамоми Осиёи Марказӣ


Мақомоти расмии Тоҷикистон, ки рӯдхонаҳои бузурги Осиёи Марказӣ аз инҷо сарчашма мегиранд, мегӯянд, ки ғолибан соли 2012 соли серобӣ дар минтақа хоҳад буд. Яраш Пӯлодов, мудири Пажӯҳишгоҳи обу мелиоратсияи Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе гуфт, зимистони сербарфу борони имсол, захираҳои об дар кишварро афзудааст: “Бориш зиёд аст, намнокӣ баланд аст, соли 2012 назар ба солҳои гузашта захираҳои об зиёд мешавад”. Тоҷикистон, тақрибан 60 дар сади оби Осиёи Марказиро дар худ дорад. Солҳои ахир панҷ кишвари минтақа Тоҷикистону Қирғизистон ду кишвари болооб ва Ӯзбакистону Қазоқистону Туркманистон се кишвари поёноб бар сари тақсими захираҳои об баҳсу ҷанҷол доранд.
XS
SM
MD
LG