Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳпамоӣ бо талаби пирӯзии адолат дар Туркия


Рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Истанбули Туркия дар панҷумин солгарди қатли Ҳрант Динк хабарнигори армании ин кишвар ҳазорон нафар раҳпаймоӣ карданд. Ду рӯз пеш аз ин раҳпаймоӣ, додгоҳи Туркия яке аз омилони қатли Ҳрант Динкро ба ҳабси абад маҳкум кард, вале 19 нафари дигарро, ки аъзои гурӯҳи террористӣ ва фармоишгари қатл маҳсуб мешуданд, бегуноҳ донист. Вакилони дифоъи Ҳрант Динк гуфтаанд, аз ҳукми додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. Ин хабарнигори арманӣ соли 2007 бо нашри мақолае, қатли дастаҷамъии арманиҳо дар замони империяи туркони усмонӣ дар аввалҳои асри 20-ро наслкушӣ хонд ва хашми миллатгароёни туркро барангехт. Ӯро дар ҳамон сол бо тири туфанг куштанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG