Пайвандҳои дастрасӣ

Маргталабе дар фурудгоҳи Қандаҳор 8 нафарро кушт


Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қандаҳор дар Афғонистон як бомбгузори маргталаб дасти кам 7 нафарро кушт. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ дар ин ҳамла занону кӯдакон ҳам қурбон шудаанд. Бомбгузорӣ дар назди пойгоҳи Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба раҳбарии НАТО дар Афғонистон сурат гирифт, ки бузургтарин пойгоҳашон дар ҷануби Афғонистон дар фурудгоҳи Қандаҳор аст. Ба гуфтаи сухангӯи НАТО, маргталаб мошини бомбгузоришудаашро дар назди дарвозаи фурудгоҳ мунфаҷир карда ва ғайринизомиёни афғонро куштааст. Дар ин ҳамла ҳеҷ яке аз сарбозони хориҷӣ осеб надидаанд.
XS
SM
MD
LG