Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон саргарми бознигарии ҳамкориҳо бо Амрикост


Ҳино Раббонӣ Хор, вазири умури хориҷии Покистон, мегӯяд, кишвараш равобити маъмулӣ бо Амрикоро баъди бознигарии комил аз ҳамкориҳои дутарафа аз сар хоҳад гирифт. Аммо гуфт, ӯ ҳампаймонии деринаи Покистон бо Амрико барои ҳарду кишвар ҳаётист. Покистон баъди марги 24 сарбозаш дар як ҳамлаи нерӯҳои НАТО дар моҳи ноябри соли гузашта ҳамкориҳояш бо Амрикоро ба ҳоли таълиқ даровард. Пеш аз ин ҳамла муносиботи ду кишвар баъди қатли Усома бин Лодин аз сӯи нерӯҳои махсуси амрикоӣ дар хоки Покистон ба сардӣ гароида буд. Ва дигар ин ки дирӯз Юсуф Ризо Гелонӣ нахуствазири Покистон дар Додгоҳи Олии Покистон ҳозир шуд, ки ӯро ба сарпечӣ аз иҷрои амри додгоҳ гунаҳкор медонад. Ҳамзамон ҳукумати Покистон бинобар ошкор шудани як номааш ки гӯё аз Амрико барои ҷилавгирӣ аз табаддулоти низомӣ кӯмак хостааст, таҳти фишори артиши қудратманди ин кишвар қарор дорад.
XS
SM
MD
LG