Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳпаймоӣ ба зидди скинхедҳо дар шаҳри Маскав


Садҳо нафар дар маркази шаҳри Маскав пойтахти Русия алайҳи авҷ гирифтани фашизм дар ин кишвар раҳпаймоӣ карданд. Онҳо дар даст аксҳои Станислав Маркелов, ҳомии ҳуқуқ ва хабарнигор Анастасия Бабуроваро доштанд, ки бо мухолифаташон ба миллатгароёни рус шинохта шуда буданд ва онҳоро соли 2009 дар рӯзи рӯшан дар маркази шаҳри Маскав куштанд. Додгоҳ ду ҷавони миллатгаро, Никита Тихонов ва Евгения Хасисро соли гузашта дар қатли он ду нафар гунаҳкор донист. Қатли Маркелов ва Бабурова, Русияро дар арсаи байналмилал ҳиҷолатзада кард, ки чун инро намоёнгари саъйи нокофии Русия барои ба ҷазо кашидани қотилони фаъолони ҳуқуқ медонанд.
XS
SM
MD
LG