Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон дигарбора дар радифи кишварҳои ноозод


Созмони Хонаи Озодӣ ва ё "Фридом Ҳаус" дар гузориши тозаи худ, Тоҷикистон дигарбора дар радифи кишварҳои ноозоди ҷаҳон қарор додаст. Ин созмон дар гузориши озодиҳо дар ҷаҳон дар соли 2012 мегӯяд, дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодиҳои сиёсиву маданӣ таъмин намешавад. Меъёрҳое, ки созмон кишварҳои ҷаҳонро ба се гурӯҳ, озод, нимаозод ва ноозод табақабандӣ мекунад ин аст: баҳрамандии мардум аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ, озодиҳои сиёсӣ, орӣ будани ҳукумат аз фасодкорӣ, волоияти қонун, озодии баёну эътиқод, баҳрамандӣ аз ҳуқуқи эътирозу ҷамъомад ва ҳуқуқи фардӣ. “Хонаи Озодӣ” ба Тоҷикистон аз назари риояти ҳуқуқи сиёсӣ 6 ва мурооти озодиҳои шаҳрвандӣ 5 баҳо додааст, ки баҳои манфӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамроҳ бо Тоҷикистон 47 кишвари дигар ноозод хонда шудаанд.
XS
SM
MD
LG