Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИ аз баррасии мавзӯъи истеъфои Чуров сарпечӣ кард


Раиси Комиссиюни Марказии интихоботии Русия Владимир Чуров пешниҳод кард, ки дар нишасти имрӯза мавзӯъи истеъфои ӯ аз мақом баррасӣ шавад. Аммо ин пешниҳод бо аксари раъйҳо рад карда шуд.

Ба гуфтаи котиби КМИ Николай Конкин, фақат чаҳор узви комиссиюн аз ҳизбҳои коммунист, либерал-демократӣ, “Русия боадолат” ва “Яблоко” хостори истеъфои Чуров шуданд. Аз ин пеш фақат намояндагони ҳизби коммунист ва “Яблоко” барои аз мақом рафтани раиси КМИ пойфишорӣ мекарданд.

Мухолифини ҳукумати Русия истеъфои Владимир Чуровро талаб доранд ва ӯро дар тақаллубу қонуншиканиҳо ба хотири пирӯзии ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” дар интихоботи ахир ба Думаи давлатӣ айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG