Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Мурғдузд шутурдузд мешавад, асардузд чӣ?


Дар Тоҷикистон нусхабардории китоб, копихонии тарона ва аз роҳи тақаллуб дастрасу фурӯхтани филм як амри маъмулист.

Аммо дар кишварҳои дигар ин гуна "дуздӣ" ва ё тақаллубкорӣ метавонад паёмади нохуш дошта бошад.

Соҳиби мол афроди копихон ва ё фурӯшандаеро, ки бидуни иҷозаи мулалиф филми ӯро фурӯхтааст, ба додгоҳ кашида ҳазорҳо ё миллионҳо доллар ҷубронпулӣ меситонад. Вале дар Тоҷикистон вазъ тамоман дигар аст.

Барои мисол, ҳанӯз валвалаи шодии муаллифони филми "Аватар" аз дарёфти ҷоизаҳои Оскар поин нашуда, нусхаи тақаллубии ин филм дар синамохонаҳои Душанбе пайдо шуд. Ҳатто яке аз телевизионҳои давлатии Тоҷикистон бидуни иҷозаи муаллифон ва харидорӣ, ин филмро пахш кард.

Ҳамчунин, дар дискфурӯшиҳои Тоҷикистон ҳазорҳо филми хориҷиву дохилӣ нусхабардориву ба фурӯш гузошта шудааст, ки тақрибан ҳеҷ кадом аз онҳо иҷозатнома ё литсензия надоранд.

Даҳҳо ҳунарманди тоҷик ҳам бо оҳангу сурудҳои ба қавли мардум "дуздӣ" рӯи саҳна меоянду онро иҷро мекунанд. Садҳо китоби дарсиву адабӣ низ ба таври ғайриқонунӣ нусхабардорӣ ва нашр мешавад, ки фоидаи аз он ба даст омадаро фурӯшандаҳо мегиранд, на муаллифон.

Ин аст, ки додгоҳҳои Тоҷикистон баҳси ҳифзи ҳуқуқи муаллифро хеле кам таҷриба кардаанд. Ё муаллифон ҳуқуқи муаллифии худро намедонанд ё аз нақз шудани ҳуқуқашон бехабаранд ва ё ба ин поймолшавиҳо чашм мепӯшанд.

Дар ин навори видеоии "Озодӣ" соҳибназарон ба суоли "оё дар Тоҷикистон ҳаққи муаллиф ҳифз мешавад?" посух додаанд. Бубинеду назари худро ҳам нависед.

Оё ҳуқуқи муаллиф ҳифз мешавад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG