Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Бангладеш аз табаддулоти низомӣ ҷилавгирӣ шуд


Дар Бангладеш аз кӯшиши табаддулоти низомӣ ҷилавгирӣ шуд. Намояндаи нерӯҳои мусаллаҳ генерал Масъуд Раззоқ изҳор намуд, ки гурӯҳи низомиён сарнагун сохтани ҳукуматро тарҳрезӣ карда буд. Генерал аз ин афрод чун “ифротгароҳои динӣ” ном бурд. Чанд кас, аз ҷумла, ду афсари мустаъфӣ, ки гуфта мешавад созмондиҳандагони табаддулотанд, боздошт шудаанд.

Соли гузашта ҳукумати нахуствазир Шайх Хасина барои вуруди чанд тағйирот ба Қонуни асосии Бангладеш муваффақ шуд ва бар пояи ин давлат бештар дунявӣ гардид. Ва аммо ин тағйирот боиси норозигии сиёсатмадорони исломгаро шуд.

Тайи 40 соли истиқлолият дар Банладеш чанд бор табаддулоти низомӣ ба амал омад. Вале ҳукумати феълӣ баъди пирӯзӣ дар интихоботи озод қудратро соҳиб шудааст.
XS
SM
MD
LG