Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Идлиб 4 тан аз фаъолони мухолифин кушта шуданд


Дар Сурия бар асари ҳамлаи афроди ношинос чаҳор тан аз фаъолони шинохтаи мухолифин кушта шуданд. Ба иттилоъи созмони дидбони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Лондон, ҳамла ба мошини онҳо дар як шоҳроҳ дар вилояти Идлиб, воқеъ дар марз бо Туркия, сурат гирифтааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар бораи даргириҳо миёни ҷонибдорон ва мухолифони ҳукумат дар шаҳри Ҳумс ва ҳалокати як нафар низ хабар доданд. Дар ҷануби Сурия низомиён сарбозеро ҳадафи тир қарор доданд, ки мехост фирор карда бо мухолифон ҳамроҳ шавад.

Ба иттилои СММ, тайи даҳ моҳи эътирозҳо бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад 5400 суриягӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG