Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ҳазор долларе, ки ба прокурор "насиб" накард


Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Суғд аз боздошти як додситон ё прокурор ба гумони ришваситонӣ хабар дод.

Манобеи Оҷонси зидди коррупсия мегӯянд, кормандони ин ниҳод рӯзи 16 январ М.Б., корманди Додситонии вилояти Суғдро ба гумони ришваситонӣ боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи онҳо, ин прокурор дар назди бинои додситонии вилоят ҳангоми ситонидани ришва ба маблағи 2 ҳазор доллар дастгир шудааст. Прокурор қасд доштааст, бо гирифтани ин миқдор маблағ ба бозбинии парвандаи яке аз маҳбусон мусоидат намояд.

Ҳусейн Оқилов, раҳбари Оҷонси зидди фасоди молӣ дар Суғд, рӯзи 19 январ боздошти додситонро тасдиқ кард, вале гуфт, дар ҳоли ҳозир тафтиш идома дорад ва ба далели халал ворид нашудан наметавонад ҷузъиёти ин қазияро ошкор созад. Ҷаноби Оқилов эҳтимоли дар сурати собит нашудани далелҳо раҳоии додситони боздоштшудар низ сарфи назар накард.

Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, тасмими ниҳоӣ дар мавриди боз кардани парванда алайҳи мақомоти додгоҳиву додситонӣ аз ҷониби раҳбари Оҷонсии зидди коррупсия дар Душанбе гирифта мешавад. Пас аз гузаштани се рӯз аз боздошти додситон ҷузъиёти бештари ин қазияро ошкор хоҳанд кард.

Дар соли гузаштаи 2011 кормандони Оҷонси мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд беш аз 260 нафар, умдатан мансабдорону кормандони қатории идораву муассисаҳои давлатӣ, бонкҳо, тиб, маориф, заминсозӣ ва кишоварзиро барои содир кардани ҷиноятҳои марбут ба фасоду ришвахорӣ боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG