Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири нав вакилонро бо ислоҳоти маориф ошно кард


Нуриддин Саидов

Нуриддин Саидов

Нуриддин Саидов, вазири тозатаъини маорифи Тоҷикистон, дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон аз нақшаҳояш барои ислоҳоти низоми маориф дар кишвар ҳарф зад.

Ба иттилои хабаргузории Азия плюс, ӯ, аз ҷумла, гуфт, ки аз ҳама чораҳои имконпазир кор мегирад то дипломи мактабҳои олии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шаванд. Вазири маориф афзуд, ки аз ин баъд ба интихоб ва фиристодани ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар хориҷи кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда хоҳад шуд. Ба гуфтаи Нуриддин Саидов, сохтори худи вазорат ҳам ба тағйирот ниёз дорад.

Нуриддин Саидов дар мақоми вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмоновро иваз намуд.
XS
SM
MD
LG