Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Волии Мангистау вазъи Жанаозенро "мӯътадил" хонд


Яке аз биноҳои Жанаозен, ки бар асари нооромиҳо сӯзонда шуд
Яке аз биноҳои Жанаозен, ки бар асари нооромиҳо сӯзонда шуд
Волии вилояти Мангистауи Қазоқистон изҳор намуд, ки вазъи фавқулодда дар шаҳри Жанаозен шояд пеш аз мӯҳлат бекор карда шавад. Баурҷон Муҳаммадҷонов дар сӯҳбат бо нашрияи “Время” гуфт, ки вазъ дар Жанаозен мӯътадил аст.

Ӯ афзуд, ки айни ҳол ду гурӯҳи фаврӣ ҳаводиси моҳи гузашта дар ин шаҳрро тафтиш мекунад – яке ба ошкор кардани созмондиҳандагон ширкатдорони намоишҳои эътирозӣ ва манобеи сармоягузории онҳо машғул аст ва дигарӣ - ба омӯзиши амалҳои мақомоти ҳифзи тартибот ва то куҷо қонунӣ будани истифодаи силоҳ аз сӯи онҳо.

Моҳи гузашта дар шаҳри Жанаозен ва шаҳраки Шетпе бар асари бархӯрди полис бо кормандони норозии ширкати нафт 17 нафар кушта ва беш аз 100 кас маҷрӯҳ шудаанд. Бо амри раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев дар Жанаозен то 31 январ вазъи фавқулодда ҷорӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG