Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия аз Маркелов ва Бабурова ёд мекунанд


Имрӯз дар чанд шаҳри Русия ёдбуди вакили дифоъ Станислав Маркелов ва хабарнигор Анастасия Бабурова, ки аз дасти миллатгароҳои рус кушта шудаанд, баргузор мешавад.

Дар шаҳри Маскав ширкатдорон дар Булварное колтсо раҳпаймоӣ ва дар майдони Пушкин гирдиҳамоӣ доир мекунанд. Ба гуфтаи созмондиҳандагон, ҷамъомадагон ба ҷуз ёдбуд ҳамчунин аз мавзеъгирии худ дар баробари фашистону миллатгароҳои рус ҳарф мезананд.

Станислав Маркелов ва Анастасия Бабурова се сол пеш дар маркази Маскав кушта шуданд. Додгоҳ аз сӯи ду миллатгаро - Никита Тихонов ва Евгения Хасис содир шудани ин ҷиноятро собит кард. Тихонов ба ҳабси абад ва Хасис ба 18 соли маҳбас маҳкум шудаанд.
XS
SM
MD
LG