Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Теҳрон ҳама имконот барои қатъи низоъ бо Амрико ва ҳампаймонҳояш дар робита ба барномаи ҳастаии Эронро дорад. Дар ин бора намояндаи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ изҳорот пахш кард. Карнӣ иттилои Теҳронро дар он бора ки раисиҷумҳур Барак Обама дар як нома унвонии раҳбарони Эрон барои музокирот изҳори омодагӣ кардааст, тасдиқ ё рад накард.

Ба гуфтаи сухангӯи Кохи Сафед, барои коҳиш додани шиддати авзоъ ба Эрон кофист, ки бо ИМА ва дигар кишварҳои ғарбӣ музокирот оид ба барномаи ҳастаияшро аз сар бигирад.

Кишварҳои ғарбӣ ҳадс мезананд, ки ҳадаф аз барномаи ҳастаии Эрон дастёбӣ ба силоҳи ҳастаист ва аммо Теҳрон мегӯяд, ки ин барнома фақат ҳадафҳои осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG