Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба зудӣ Тоҷикистону Қирғизистон ва Покистону Афғонистон иҷрои тарҳи "CASA-1000"-ро баҳс хоҳанд кард.

Бино ба хабари расонаҳои покистонӣ, намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон ва Покистону Афғонистон аз 30 январ то 2 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Алматӣ татбиқ ё амалисозии тарҳи хатти баландшиддати "СASA-1000"-ро баррасӣ хоҳанд кард.

Ин тарҳ интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистонро ба Афғонистон ва Покистон дар назар дорад. Аз ҳоло Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Исломии Рушд барои сармоягузорӣ дар ин тарҳ омодагии худро баён доштаанд. Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард, ки барои иҷрои тарҳ 200 миллион доллар қарзи боимтиёз хоҳад дод.

Иҷрои тарҳи "СASA-1000" моҳи сентябри соли гузашта дар меҳвари музокироти чаҳор раисиҷумҳур -- Дмитрий Медведев, Осиф Алӣ Зардорӣ, Ҳомиди Карзай ва Эмомалӣ Раҳмон ҳам қарор гирифта буд. Он вақт ҷаноби Медведев дар поёни нишаст изҳор дошт, ки кишвараш аз тарҳи "CASA-1000" ҳимоят карда, дар сармоягузории он низ ширкат мекунад. Вале то ҳанӯз Русия барои татбиқи ин тарҳ маблағе ихтисос надодааст.

Гуфта мешавад, барои иҷрои ин тарҳ, ки нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистонро ба Афғонистону Покистон интиқол хоҳад дод, беш аз 900 миллион доллар зарур аст, ки 251 миллионаш барои сохтани як қисмати ин хатти барқ ва зеристгоҳҳояш дар ҳудуди Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи мақомот, дар оғоз тариқи ин хатти баландшиддати 500 киловолта 1000 ва ниҳоятан 4000 мегават барқ ба Осиёи Ҷанубӣ, умдатан Покистон интиқол дода хоҳад шуд.

Порлумони Тоҷикистон ҳанӯз дар оғози моҳи январи соли 2010 созишнома миёни Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Қирғизистонро дар бораи эҳдос ё бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи "CASA-1000" тасвиб кард. Вале бархе аз соҳибназарон мегӯянд, Тоҷикистон, ки худ ба камбуди нерӯи барқ рӯбарӯст, танҳо дар сурати бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун метавонад ба Покистону Афғонистон барқи бештар бидиҳад. Аммо тақдири ин нерӯгоҳи азим ҳанӯз норӯшан аст ва коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ҳам то ҳол ташхис ё экспертизаи фаннӣ ва иқтисодиву зистмуҳитии онро ба охир нарасонидаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG