Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пул рафт ба яғмову вазир хабар надорад...


Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон
Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон

Бештар аз як миллион сомонӣ изофанависӣ ё дуздии пули сохтмонҳои ҷашнӣ дар соли гузашта ошкор гардидааст.

Ба қавли Абдувалӣ Комилов, раҳбари Оҷонси сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, изофнависӣ дар вазорату идораҳои давлатӣ ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҷумла, дар сохтмону иншооти корхонаи воҳиди “Алюмин-сохтмон” зиёда аз 88 ҳазор сомонӣ, сохтмони иншооти Хадамоти гумрук беш аз 106 ҳазор сомонӣ, маркази иншооти Идораи лоиҳаи кредитӣ дар соҳаи сохтмон зиёда аз 64 ҳазор сомонӣ. Раҳбари Оҷонсии сохтмон ва меъморӣ мегӯяд, “нисбати ин идораҳо чораҳо дида мешавад ва бовар дорам, ки як маротиба агар ҷазо гирифтанд, дафъаи дуввум ба изофанавӣ роҳ намедиҳанд.”

Дар сохтмони иншооти ҷашнӣ бахшида ба бистумин солгарди истиқлоли кишвар дар соли 2011 зиёда аз 4 миллиард сомонӣ харҷ шудааст, ки дуним миллиард сомонии он ҳиссаи давлат ва боқимонда аз ҳисоби сармоягузорон будааст.

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди молӣ низ ҳолати сирқат ё дуздии маблағ дар сохтмони иншооти ҷашниро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, соли 2011 чандин ҳолати изофанависӣ дар иншооти ҷашнӣ собит шуд, вале гунаҳкорон дар пайи тасвиби Қонуни афв то ба маҳбас нарасиданд.

Фаттоҳ Саидов мегӯяд, бахши умдаи маблағҳои дуздидашуда баъди анҷоми комили бозҷӯӣ ба буҷа давлат баргардонида шуда, афроди дар ин амал дастдошта доғи судӣ хоҳанд гирифт. Ӯ гуфт, дар ҷараёни тафтиш механизми фасодкорӣ, махсусан харидории ашё бо истифода аз изофанависӣ ошкор шудааст.

Саттор Холов
Саттор Холов
Саттор Холов, раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси Намояндагон ҳам мегӯяд, фасодкор ба ҷуз он ки маблағҳои дуздидаро бармегардонад, илова бар ин маҳкум мешавад.

Ӯ гуфт, "ин ҷо чанд масъала дида шудааст. Аввалан, аз нишастани вай дар маҳбас чӣ фоида аст. Беҳтар он аст, ки зарарро баргардонад. Зарарро мегардонад, илова бар ин соҳиби хонавода бошад фарзандонаш ятим намешаванд. Агар аз кор ронда шуд ва доғи судӣ гирифт, дар дигар бахшҳо метавонад кор кунад. Вай дар баробари ин ҷазои маҳрум аз озодиро мегирад, аммо агар имкони молӣ пайдо кунаду маблағи ҳаррӯзаи маҳкамаро, ки чӣ қадар барои нигоҳубини як маҳбус сарф мешавад, бо назардошти мӯҳлати ҳукмаш супорад, раҳо мешавад."

Як манбаи мӯътамад, аз ниҳодҳои калидии кишвар гуфт, маблағҳои буҷа бинобар назорати нокофии вазирону раисони кумитаҳо ба сирқат рафтааст ва пеш аз дигарон бояд масъулони вазоратхонаҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Зеро ба гуфтаи ӯ, чӣ тавр мешавад, ки вазир ба санади харҷ имзо гузорад, вале аз сирқат бехабар бимонад?

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии зиддифасод мегӯяд, сирқати маблағҳо на танҳо дар иншооти ҷашнӣ, ҳатто дар даҳҳо сохтмон ва корхонаҳои алоҳида ҳам ба қайд гирифта шудааст. Ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон бо шумули додситонӣ ва Оҷонси зиддифасод солона даҳҳо танро ба сирқати моли давлат муттаҳам мекунанд.

Аммо ё иттиҳомот заифанд ва ё далелҳои сирқат барои додгустарҳо қобили боварӣ нест, ки бахше аз муттаҳамшудаҳо "аз об хушк мебароянд". Ҷаноби Саидов мегӯяд, дар соли 2011, 95 нафар бо ҷурми даст доштан дар фасод ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, аммо маълум нест, ки аз ин гурӯҳ чӣ теъдоде зиндонӣ шудааст ва чӣ қадари дигар бо пардохти маблағ ва озод шудан худро халос кардааст.
XS
SM
MD
LG