Пайвандҳои дастрасӣ

Юсуф Абдусаломов - барандаи “Mongolia open-2012”


Юсуф Абдусаломов, паҳлавони шинохтаи тоҷик

Юсуф Абдусаломов, паҳлавони шинохтаи тоҷик

Юсуф Абдусаломов, паҳлавони маъруфи Тоҷикистон, ғолиби мусобиқаи банулмилалии гуштии озод “Mongolia open-2012” гардид.

Ин мусобиқа бо ширкати гуштигирони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Куба, Муғулистон, Русия, Тоҷикистон ва Ҷопон дар шаҳри Улан-Батор баргузор шуд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа танҳо Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин, намояндагӣ кард. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 84 килограмм бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуд ва ба финал баромад. Юсуф дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Осогбаатари муғул ғолиб омад ва мақоми аввалро касб кард.

Дар ҳисоби умумидастаӣ тими мунтахаби мизбон - Муғулистон бо 8 медали тилло, 9 нишони нуқра ва 16 биринҷӣ дар ҷойи аввал қарор гирифт. Дастаи мунтахаби Русия мақоми дувум ва тими Ҷопон мақоми севумро соҳиб шуданд.

Ба гуфтаи Абдурозиқ Олимов, мураббии калони дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон, ин мусобиқа барои Юсуф Абдусаломов яке аз давраҳои омодагӣ ба мусобиқоти интихобии олимпӣ маҳсуб мешуд. Ӯ афзуд, гуштигирони тоҷик имсол дар се мусобиқаи интихобӣ ширкат варзида, барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон-2012 талош хоҳанд кард.

Мусобиқоти интихобӣ нахуст аз 28-уми март то 1-уми апрел дар шаҳри Алматии Қазоқистон, баъдан рӯзҳои 25-29-уми апрел дар шаҳри Тайюани Чин ва рӯзҳои 2-6-уми май дар шаҳри Хелсинкии Финляндия баргузор мешавад.

Ба ғайр аз Юсуф Абдусаломов гуштигирони моҳир Николай Ноев (55 кг), Виталий Корякин (60 кг), Сомиршо Воҳидов (66 кг), Азамат Сӯфиев (74 кг), Искандари Рустам (96 кг), Эраҷ Холов ва Мурод Тӯйчиев (ҳарду - 120 кг) барои роҳхатҳои олимпӣ мубориза мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG