Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Улуғбек Қодиров гуноҳҳояшро эътироф мекунад


Бино ба гузоришҳо аз Амрико, Улуғбек Қодиров, як шаҳрванди Ӯзбакистон, ният дорад, дар додгоҳ эътироф кунад, ки мехост, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрикоро бикушад. Улуғбек Қодиров ҳамчунин ба нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ, аз ҷумла силоҳи автоматии М15 ва норинҷак муттаҳам мешавад. Рӯзномаи “Бирмингем Нюс” навиштааст, ки додгоҳ рӯзи 10 феврал Улуғбек Қодировро муҳокима мекунад ва вакили дифоъи ӯ ҳам гуфтааст, воқеан Улуғбек қасд дорад, гуноҳҳои хешро эътироф кунад. Улуғбек Қодиров моҳи июли соли гузашта дар аёлати Алабама боздошт карданд, вале мегуфт, ки ҳеҷ гуноҳе накардааст. Улуғбек Қодиров дар Амрико ғайриқонунӣ иқомат мекардааст.
XS
SM
MD
LG