Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ду ҳамла дар Афғонистон 13 нафар ҷон дод


Мақомоти расмӣ мегӯянд, бар асари ду ҳамла дар ҷануби Афғонистон 13 нафар аз ҷумла як маъмури амниятии маҳаллӣ кушта шуд. Довуд Аҳмадӣ, сухангӯи волии вилояти Ҳилманд гуфт, як маргталаб бо инфиҷори мотосикли бомбгузоришудааш, 7 афсари пулисро дар ноҳияи Каҷакӣ кушт. Дар ҳодисаи дуввум дар таркиши минае дар ноҳияи Нодалӣ, як маъмури амниятии ноҳия бо ду муҳофизаш ва як раҳгузар ҷон додаанд. Масъулияти ин ҳамларо Толибон бар дӯш гирифтанд.
XS
SM
MD
LG