Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мегӯяд, мавзеъгириашро тағйир нахоҳад дод


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, кишвараш шарҳ додани қазияи фурӯши силоҳ ба Сурияро зарур намедонад. Ӯ дирӯз дар нишасти хабарие дар Маскав гуфт:"Шарт нест, ки мо қазияро шарҳ диҳем ва ё ҳақ будани худро собит кунем, зеро мо ҳеҷ гуна аҳдномаҳои байналмилалӣ ва ё қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милалро поймол накардаем. Мо ба Сурия ончиро мефурӯшем, ки қонунҳои байналмилалӣ мамнӯъ накардаанд. Бино ба гузоришҳо ҳафтае пеш як киштии русӣ ба Сурия тиру аслиҳа бурдааст. Сергей Лавров афзуд, кишвараш ва Чин ҳамчун аъзои доимии Шӯрои Амният қотеъона ба дахолати хориҷӣ ба умури Сурия мухолифат хоҳанд кард. Ба гуфтаи Созмони Милал дар саркӯби исёнҳои даҳмоҳа алайҳи режими Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия то кунун 5 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG