Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масхараи Юлия Тимошенко дар як намоишнома


Як гурӯҳи ҷавонони украинӣ дар шаҳри Харков дар муқобили зиндоне, ки Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқ онҷо нигаҳдорӣ мешавад, бо ҳадафи масхараи ӯ намоишномаеро нишон доданд. Ба гузориши бахши украинии Радиои Озодӣ, намоишнома “Достони гази тиллоӣ барои мардуми Украина” унвон дошта ва ба хотири саввумин солгарди имзои қарордоде нишон дода шудааст, ки Юлия Тимошенко соли 2009 бо Русия имзо кард. Ҳукумати Украина мегӯяд ин қарордод барои кишвар гарон афтодааст. Юлия Тимошенкоро маҳз барои имзои ҳамин созишнома бо гуноҳи фаротар рафтан аз салоҳиятҳои худ моҳи октябри соли гузашта ба 7 соли зиндон маҳкум карданд. Баргузоркунандагони намоишнома тарафдорони раиси ҷумҳур Виктор Янукович будаанд.
XS
SM
MD
LG