Пайвандҳои дастрасӣ

Омбудсмени Қирғизистон ҳукуматро сарзаниш кард


Турсунбек Охун, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон, ба порлумони кишвараш гуфт, дар бадани зиндоние, ки дар як боздоштгоҳи шаҳри Бишкек ҳалок шуд, осори шиканҷа аён аст, агарчӣ ба гуфтаи маъмурони зиндон ин ҷавон бар асари сӯистифода аз маводи мухаддир ҷон додааст. Нурбек Олимбоеви 25-сола рӯзи сешанбе ба думболи исёни хушунатбори зиндониён дар боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Бишкек, даргузаштааст. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, барои фӯру нишондани исён дар зиндон нерӯҳои махсус ҷалб шуданд ва 30 зиндониро ба ҳадде латукӯб кардаанд, ки чаҳор нафари онҳо бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон бурда шуданд. Турсунбек Охун аз мақомоти расмӣ хостааст, тартибот дар зиндонҳоро таъмин кунанд, аммо на бо чунин усул.
XS
SM
MD
LG