Пайвандҳои дастрасӣ

Бархе аз роҳбаладони қаторҳо, ки дар қочоқи маводи мухаддир даст доштаанд, аз ҷои кор ихроҷ шудаанд.

Ба иттилои масъулони "Роҳи оҳан"-и Тоҷикистон, дар як соли ахир 70 роҳбалади қаторҳои мусофирбари ин ширкат ба гумони ҳамдастӣ дар қочоқи маводи мухаддир аз кор озод шудаанд.

"Пас аз ин иқдом мавридҳои қочоқи маводи мухаддир тариқи қаторҳои мусофиркаш ба маротиб коҳиш ёфт",-мегӯянд намояндагони масъули ин ширкат.

Муҳамадюсуф Абдураҳмонов, раҳбари бахши мусофиркашонии "Роҳи оҳан" барканор шудани ин теъдод аз роҳбаладонро таъйид кард, аммо гуфт, роҳбаладон ба таври рӯшод ба интиқол ё қочоқи маводи мухаддир даст надоштаанд.

"Соли 2006 беш аз 150 ҳолати интиқоли маводи мухаддир тавассути қаторҳои муофиркашонии Душанбе ба Русия ва шаҳрҳои дигар ошкор шуд. Ин ба он оварда расонид, ки давоми 8 моҳ қаторҳои мусофиркашонии роҳи оҳан баста шуданд",-илова кард ӯ.

Бо он ки бархе аз роҳбаладон ба айби ҳамтоёнашон аз кори худ маҳрум мешаванд, аммо аз шуғли худ дил канда наметавонанд. Намоз номи шартии яке аз роҳбаладони қатораи Душанбе - Москав, аст, ки бо айби ҳамтоёнаш аз ҷойи кораш маҳрум шудааст ва ният дорад, дубора ба кораш баргардад.

Бо ин ҳам масъулони "Роҳи оҳан" бар ин боваранд, ки тасмими дастҷамъона аз кор озод шудани роҳбаладон, барои масъулиятшиносии комили кормандон ва амнияти мусофирону ҳаракати бонизоми қаторҳои мусофирбари Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки бархе аз роҳбаладон мегӯянд, сарфи назар аз маоши ночиз, кори сангинеро бар дӯш доранд ва ошкор кардани ҳамкасби қочоқчӣ ҳам чандон кори саҳл нест.

Афзун бар ин, мусофирон низ ба кори сангину душвори роҳбаладон ишора мекунанд ва мегӯянд, дар гузаргоҳҳои марзӣ, қатораҳо ва роҳбаладон мавриди ба истилоҳ истинтоқи "тафтишгарон"-и гумрук қарор мегиранд.

Ҷамила Ҳусейнова

Ҷамила Ҳусейнова

Ҷамила Ҳусейнова, ки соли гузашта ба ҳайси нозири қатораҳо дар масири Душанбе - Москав сафар кардааст, шоҳиди мавридҳои азияти роҳбаладони тоҷик тавассути маъмурони гумруки кишварҳои Узбакистон, Туркманистон ва Русия шудааст. Ӯ мегӯяд, дар қаламрави кишварҳои ҳамсоя ба қатораҳои мусофирбари Тоҷикистон, муносибат ва бархӯрди номуносиб карда ва аз мусофирон ва роҳбаладон маблағе меситонанд. Дар сурати надодани "чиз"-е қаторҳоро соатҳо интизор мемонанд.

Ба гуфтаи Ҷамила, "ба қатораҳои мусофирбари Тоҷикистон, хоҳ аз тарафи Русия ояд, ё аз тарафи Душанбе, онҳо ном мондаанд. Мегӯянд, ки "Золотой караван" омад. Ба мо гуфтанд, ки қаторҳои Шумо "Золотой караван"-анд барои мо. Роҳбаладон чӣ қадар машаққат мешаванд, медонед. Бахусус дар марзи Русия бо сагҳояшон медароянд, ҳамаро канда мепартоянд, боз роҳбаладони бечора насб мекунанд."

Дар ҳамин ҳол, бархӯрди номуносиби маъмурони гумруки кишварҳои ҳамсоя болои фаъолияти корӣ ва рӯҳияи роҳбаладон, хоса роҳбаладони ҷавон таъсири амиқ мегузорад. Зеро онҳо дар қадами аввал саломатии худро аз даст медиҳанд, ки вазъ ҳатман ба сатҳи хидматрасонӣ дар қаторҳои мусофирбар низ асар мегузорад.

Дар зимн, дар қаторҳои мусофирбари ширкати "Роҳи оҳан" 850 роҳбалад кор мекунад, ки 80 дарсади онҳо ҷавононанд. 350 нафари онҳо духтарони синни 20 то 40-солаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG