Пайвандҳои дастрасӣ

ИА хабари тамосҳо бо Эронро рад кард


Сухангӯи раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон изҳороти вазири хориҷаи Эрон Алиакбар Солеҳӣ дар бораи идомаи тамосҳо ба хотири азсаргирии музокироти ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳониро рад кард ва гуфт, Теҳрон то ҳол ба пешниҳоди хонум Эштон ҷиҳати азсаргирии музокирот посух надодааст. Эштон дар моҳи октябр бо чунин мазмун ба мақомоти Эрон нома навишта буд. Солеҳӣ имрӯз дар Анкара гуфт, гуфтугӯҳо ба хотири азсаргирии музокироти барномаи ҳастаии Теҳрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ идома дорад ва макони музокирот ғолибан Истамбул хоҳад буд. Охирин музокироти Эрон бо 5 узви Шӯрои Амният ва Олмон дар Истамбул як сол пеш бенатиҷа анҷом ёфт. Дар пай Эрон, ки ба талоши сохтани силоҳҳои ҳастаӣ айбдор мешавад, таҳти таҳримоти бештар қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG