Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Одатҳои мо аз мо зӯртаранд ё сусттар?


Инсонҳои боирода ва қавӣ метавонанд, масали “иллат равад, одат наравад”-ро ботил бароранд.

Муборизаи онҳо замоне сар мешавад, ки агар одатҳои бади худро шиносанд ва дар пайи тағйири хеш шаванд.

Аксарият мегӯянд, бархе аз одату рафтори номақбул садди роҳи рушди инсон мешавад ва ҳатто корҳои муҳими ононро баҳам мезанад. Ҳарчанд қисмате аз ин одатҳоро мардум аз дигарон пинҳон медоранд ва аммо боз ҳам «офтобро бо доман пӯшидан намешавад.»

Одат аввал як амали танҳо ва зоҳиран, тасодуфӣ сар мешавад. Кас ба он эътибор намедиҳад ва бо баҳонаҳое “худро мебхшад”. Ҳатто ба худ ваъда медиҳад, ки онро такрор нахоҳад кард. Аммо замоне “бедор” мешавад, ки ин хислат, ҳис, рафтор ё гуфтор кайҳо ба бахше аз характери инсонии вай табдил ёфтааст.

Ин чӣ одатҳое ҳастанд? Шумо кадом одати худро дӯст намедоред ва хостори гум карданаш ҳастед? Роҳгузарон дар ин видео хислату одатҳои номақбули худро фош карданд. Оё шумо ҳам одату рафторе доред, ки барои худатон мақбул нест?

Одатҳои нописанди Шумо
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG