Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Назарбоев ба нозирони ғарбӣ


Назарбоев дар тантанаи пирӯзии ҳизбаш дар интихобот

Назарбоев дар тантанаи пирӯзии ҳизбаш дар интихобот

Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар пайи интиқоди тунди нозирони байналмилалӣ аз интихоботи парлумонии рӯзи 15 январ таҳдид кард, ки нозирони ғарбиро ба интихоботҳои оянда роҳ нахоҳанд дод. Нозирони САҲА гуфтанд, интихоботи ахир, ки бо пирӯзии ҳизби Нур Отани Назарбоев анҷом ёфт, ҷавобгӯи меъёрҳои бунёдии як интихоботи демократӣ набуд. Назарбоеви 71-сола гуфт, Қазоқистон зимни даъвати нозирон ба интихоботҳои ояндааш бештар мулоҳиза карда, «бархе коршиносони зархаридро дигар даъват нахоҳад кард.» Интихоботи Қазоқистонро фақат нозирон аз кишварҳои СНГ эътироф карданд.
XS
SM
MD
LG