Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси барномаи ҳастаии Эронро аз сар мегиранд


Алиакбар Солеҳӣ (Акс аз бойгонӣ)

Алиакбар Солеҳӣ (Акс аз бойгонӣ)

Вазири хориҷаи Эрон гуфт, гуфтугӯҳо ба хотири азсаргирии музокироти барномаи ҳастаии Теҳрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ идома дорад ва як макони эҳтимолии ин музокирот Истамбул хоҳад буд. Аммо Алиакбар Солеҳӣ, ки дар Анкара сӯҳбат мекард, кадом таърихи мушаххаси шурӯъи ин музокиротро наовард. Охирин музокироти Эрон бо 5 узви Шӯрои Амният бо иловаи Олмон дар Истамбул як сол пеш доир шуда буд ва бенатиҷа анҷом ёфт. Эрон, ки ба таъқиби барномаи сохтани силоҳҳои ҳастаӣ айбдор мешавад, дар ин муддат таҳти таҳримоти шадидтари байналмилалӣ қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG