Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи хунин алайҳи сайёҳони хориҷӣ дар Эфиопия


Эфиопия мегӯяд, дар шимоли ин кишвари африқоӣ 5 сайёҳи хориҷӣ – 2 олмонӣ, 2 маҷор ва 1 шаҳрванди Австрияро кушта, ду олмонии дигарро бо ду шаҳрванди Эфиопия рабудаанд. Сухангӯи давлати Эфиопия гуфт, дар ин ҳамла дар вилояти Афар як итолиёӣ ва як шаҳрванди дигари Маҷористон ҷароҳат бардоштаанд. Аддис-Абеба гуфт, ҳамлагарон аз сӯи кишвари ҳамҷавори Эритрея тамрин ва мусаллаҳ шудаанд. Асмара ин иттиҳомро радд мекунад. Эритрея соли 1993 аз Эфиопия ҷудо шуд, вале баъди чанде муносиботи ҳарду ба далели ихтилофоти марзӣ бад шуд.
XS
SM
MD
LG