Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабти 8 номзад ба интихоботи раҳбари Туркманистон


Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов
Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар интихоботи 12 феврал бо 7 номзади дигар рӯбарӯ хоҳад шуд. Аммо ин раъйгирӣ зоҳиран фақат барои расмӣ кардани боз як давраи раёсати ин ҳокими мутлақи ин кишвари газу нафтхези Осиёи Марказист. Рӯйхати номзадҳо, ки Куммиссиюни марказии интихобот нашр кард, мансабдорони мухталиф ва раҳбарони ширкатҳои давлатиро дар бар мегирад, ки алакай ҳар кадоми онҳо тарафдории худ аз сиёсати Бердимуҳаммадовро эълон кардаанд. САҲА ба далели камбуди рақобати сиёсӣ ва маҳдудияти озодиҳо аз ирсоли нозиронаш ба интихоботи Туркманистон даст кашид.Бердимуҳаммадов 5 сол пеш, баъди даргузашти ҳокими худкомаш Сафармурод Ниёзов ба раҳбарии Туркманистон расид.
XS
SM
MD
LG