Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Ғарб мехоҳад Эронро буғӣ кунад


Сергей Лавров
Сергей Лавров
Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар нишасти хабарии солонааш гуфт, таҳримоти нави Ғарб алайҳи Эрон буғӣ кардани иқтисоди ин кишварро таъқиб мекунад ва рабте бо сиёсати манъи густариши таслиҳоти ҳастаӣ надорад: “Ин таҳримот ба сурати ҷиддӣ буғӣ кардани иқтисоди Эрон ва аҳволи мардумашро ба ҳадаф дорад ва шояд ба ин умед, ки норозигии мардумро таҳрик диҳад.” Лавров ҳамчунин мухолифати Русия ба таҳримоти нави Шӯрои Амниятро такрор кард ва гуфт, таҳримот дигар асар надорад. Ӯ ҳамин тавр Ғарбро алайҳи дахолати низомӣ дар Сурия ҳушдор дод.
XS
SM
MD
LG