Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асосгузори “Yahoo” тарки ин ширкат мекунад


Ҷеррӣ Янг
Ҷеррӣ Янг
Ҷеррӣ Янг, яке аз асосгузорони “Yahoo” эълон кард, ки яке аз бузургтарин ширкатҳои интернетии дунёро тарк мекунад. “Yahoo” дар майдони пуррақобати тиҷорати маҷозӣ ба мушкилот дучор буда, ҳафтае пеш мудиромилашро нав кард. Ҷеррӣ Янг, яке аз онҳое, ки тавассути Интернет миллиардер шудаанд, гуфт, ба хотири таъқиби манфиатҳои дигар тамоми мақомҳояш дар“Yahoo”, аз ҷумла курсиаш дар Шӯрои мудирони ширкатро канор мегузорад. Янг аз соли 2007 то 2009 мудиромили “Yahoo” буд, вале баъди радд кардани пешниҳоди “Microsoft” , ки мехост “Yahoo”-ро дар баҳои 47,5 миллиард доллар бихарад, таҳти фишори саҳомдорони дигар истеъфо дод. Янг зодаи Тайван буда, “Yahoo”-ро дар соли 1995 ҳамроҳ бо Девид Фило таъсис дода буд.
XS
SM
MD
LG