Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли журналист ҳангоми намозгузорӣ


Хабарнигори "Садои Амрико" Мукаррамхон Отиф
Хабарнигори "Садои Амрико" Мукаррамхон Отиф

Мусаллаҳони номаълум журналисти покистонӣ Мукаррамхон Отифро дар Чорсадаи Покистон ба қатл расонданд.

Отиф, ки барои радиои “Садои Амрико” ва шабакаи хусусии телевизионии “Дунё”-и Покистон кор мекард, ҳангоми намозгузории шомгоҳияш дар масҷиди наздикии хонааш кушта шуд.

Сардабири барномаҳои телевизионии “Дунё” Нафис Такар ба Радиои Озодӣ гуфт: “Бино бар хабарҳои ибтидоӣ, ки аз минтақа ба мо мерасанд, вай дар даруни масҷид машғули намозгузорӣ буд, ки ду марди ниқобпӯш, яке дар берун савори мотосикл интизор мондааст, дигаре ба масҷид даромад ва се дафъа ба сари Отиф тир зад.”

Манобеи дигар гуфтанд, тирҳо ба сари сина ва сараш расидаанд ва ҳангоми интиқоли ӯ ба бемористон, Отиф ҷон додааст.

Толибон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтанд. Сухангӯи онҳо Инсонуллоҳ Эҳсон мегӯяд, Мукаррамхон борҳо огоҳӣ гирифта буд, ки ба гузоришҳояш зидди Толибон хотима гузорад. Наздикони Мукаррамхон Отиф мегӯянд, шахсе ба ӯ занг мезад ва талаб мекард, ки чӣ гуна нависаду чӣ гуна нанависад. Яке аз ҳамкасбони вай гуфтааст, Отиф баъд аз таҳдидҳои зиёд маҷбур шуд, ҷойи истиқомати худро тағйир диҳад. “Ӯ ба хотири амнияташ аз минтақаи Муманд ба Чорсада кӯчид, зеро дигар наметавонист, дар зодгоҳаш зиндагӣ кунад.”

Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” куштори журналистро шадидан маҳкум кард: “Ин хабари изтиробангез аст ва мо ба пайвандон ва дӯстони Мукаррамхон Отиф ҳамдардӣ баён мекунем. Мақомоти покистонӣ бояд ба ҳар қимате ки бошад, барои ҳимояи журналистон даст ба амал зананд, махсусан ҳимояи онҳое, ки ҳадафи таҳдид қарор мегиранд. Дар акси ҳол шароит беҳбуд нахоҳад ёфт.”

Ҳамкорони Мукаррамхон Отиф мегӯянд, вай бо мақолаҳои ҷасуронааш дар байни журналистон эътибори хос дошт. Субҳи рӯзе, ки ӯ кушта шуд, ба намояндаи созмони “Хабарнигорони бидуни марз” Иқбол Хаттак занг задаву тасдиқ карда буд, ки ҳафтаи оянда дар давраҳои омӯзишии “Гузоришгарии масъулона” ширкат хоҳад кард.

Раиси пешини Иттиҳоди журналистони қабоилӣ Сафдар Довар гуфт, куштор дар авҷи “фишори бесобиқа” ба расонаҳои ахбори оми Покистон ба вуқӯъ пайваст. Отиф аввалин журналисте шуд, ки дар соли 2012 кушта шудааст. Ду соли охир Покистон ба ҳайси хатарноктарин кишвар барои журналистон боқӣ мондааст. Соли гузашта дар ин кишвар 10 журналист кушта шуда, қатли онҳо ба фаъолияти касбияшон рабт дода мешавад.
XS
SM
MD
LG