Пайвандҳои дастрасӣ

3000 мавриди тахаллуф дар интихоботи Дума


Додситонии Русия мегӯяд, дар интихоботи моҳи декабри Думаи давлатӣ то 3000 мавриди тахаллуфро ошкор кардааст. Дар гузориши додситони кулли Русия Юрий Чайка ба раиси ин ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев гуфта мешавад, ки то имрӯз 95 нафар бо ҷурми тахаллуф ба масъулияти маъмурӣ рӯбарӯ шудаанд. Вале дар гузориш дар бораи кадом мавриди таъқиби ҷиноӣ чизе гуфта намешавад. Мухолифин мегӯянд, натоиҷи интихоботи 4 декабр ба хотири таъмини пирӯзии ҳизби Русияи воҳиди сарвазир Владимир Путин дасткорӣ шуд.
XS
SM
MD
LG