Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи солонаи ҳукумат оғоз ёфт


Дар Душанбе таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон идома дорад. Масъалаи асосӣ дар ин ҷаласа ҷамъбасти натоиҷи кори кобинаи вазирони оқои Раҳмон дар соли гузаштаи 2011ва таҳияи барномаи кори ҳукумат барои соли ҷорист. Дар арафаи ҷаласаи солона Эмомалӣ Раҳмон чанде аз аъзои калидии кобинаашро иваз кард. Аз ҷумла Матлубхон Давлатов – муовини сарвазир, Рамазон Раҳимов – вазири умури дохила ва Нуриддин Саидов вазири маориф таъйин шуданд. Аммо мунтақидон мегӯянд, давлати оқои Раҳмон алорағми интизори ҷомиа ба оғози як ислоҳоти ҷиддӣ ирода карда натавонист.
XS
SM
MD
LG