Пайвандҳои дастрасӣ

Хулосаи муфаттишон дар бораи ҳамла дар фурудгоҳи Кобул


Муфаттишони низомии Амрико мегӯянд, афсари афғоне, ки ҳашт сарбози амрикоӣ ва ду афғонро дар фурудгоҳи Кобул кушт, ҳеҷ иртиботе бо Толибон надоштааст. Бино ба гузориши ҳамин муфаттишон дар ин ҳодиса, ки рӯзи 27 апрел дар Фурудгоҳи Байналмилалии Кобул рух дод, Аҳмад Гул полковники артиши Афғонистон зоҳиран бе амри касе ва худаш ин корро кардааст. Дар гузориш омадааст, ки муфаттишон ҳеҷ далели иртиботи Аҳмад Гул бо Толибонро пайдо накардаанд. Аммо ба гуфтаи муфаттишон ҳамла тарҳрезӣ шуда будааст ва Аҳмад Гул мушкилоти хусусӣ аз ҷумла мушкилоти молӣ доштааст. Баъди қатли сарбозони амрикоӣ ва афғон, Аҳмад Гул дар оташи ҷавобӣ захмӣ шуда ва баъдан худро кушт.
XS
SM
MD
LG