Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хунрезӣ дар Сурияро "ғайриқобилиқабул" хонд


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, саркӯби бераҳмонаи тазоҳургарон дар Сурияро “ғайриқобилиқабул” хонд, ки дар ин саркӯбиҳо хуни зиёде рехтааст. Барак Обама баъди мулоқоташ бо Шоҳ Абдуллоҳ шоҳи Ӯрдун ҳамсоякишвари Сурия дар Вашингтон гуфт, Амрико талошҳои дипломатияшро бештар мекунад, то раиси ҷумҳур Башшор Асад аз қудрат биравад ва роҳро барои гузариши демократӣ боз кунад:"Мутаасифона мо ҳамчунон шоҳиди мизони ғайриқобилиқабули хушунатҳо дар Сурия ҳастам ва аз ин рӯ аз наздик машваратҳо бо Ӯрдунро идома медиҳем, то як навъ фишори байналмилалӣ ва шароитеро фароҳам намоем, ки режими Сурияро ба канорагирӣ водор кунад ва имкони гузариши демократӣ дар Сурия ба вуҷуд биёяд." Ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқ, рӯзи сешанбе дар Сурия бештар аз 30 нафар ва аксаран дар шаҳри Ҳумс як маҳалли аслии исёнҳо алайҳи ҳукумати Башшор Асад кушта шудаанд. Айни замон интизор меравад, Шӯрои Амнияти Созмони Милал тарҳи ислоҳшудаи қатъномаи Русия дар бораи Сурияро баррасӣ кунад. Русия аз шарикони аслии Сурия аз Башшор Асад мехоҳад, ба хушунатҳо поён дода ва зиндониёнро раҳо кунад.
XS
SM
MD
LG