Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пайкараи Ленинро аз маркази Румӣ барканданд


Мақомоти расмӣ дар ноҳияи Румӣ дар вилояти Хатлон пайкараи Ленинро аз маркази ин ноҳия барканда ва ба ҷойи он муҷасаммаи Мавлоно Румӣ, шоиру мутаффакири барҷастаи форсу тоҷикро гузоштаанд. Мақомоти ноҳия мегӯянд, касе ба ин кор мухолифат накард, зеро маркази ноҳия шоистаи пайкараи Румӣ аст, на муҷассамаи рангрехтаи Ленин. Дар Тоҷикистон, батадриҷ пайкараҳои пешвои инқилоби болшевикии Русияро аз маркази ноҳияҳо бармечинанд, агарчӣ гӯруҳҳое аз мардуми кишвар мухолифи ин коранд ва Ленинро ба некӣ ёд мекунанд.
XS
SM
MD
LG