Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Италия аз имкони ба баҳр рехтани 2300 тонна маводи сӯхти киштии ғарқшудаи Costa Concordia ҳушдор доданд.

Коррадо Клини, вазири ҳифзи муҳити зисти Италия изҳор намуд, ки дар сурати резиши маводи сӯхт моҳиҳои нодиру набототи соҳилҳои минтақаи Ҷилио ба фоҷиаи муҳитизистӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат мехоҳад, ки дар сурати зарурат дар ҷойи ҳодиса вазъи фавқулодда эълон кунад ва барои ҷилавгирӣ аз фоҷиаи муҳитизистӣ маблағ ҷудо намояд.

Киштии Costa Concordia бо 3216 мусофир аз 62 кишвар ва 1023 аъзои экипаж шоми рӯзи ҷумъа дар соҳилҳои минтақаи Ҷилио ба харсангҳои зери об бархӯрд ва қисман ғарқ шуд. Дар ин ҳодиса 11 нафар ба ҳалокат расиданд, 29 нафар то ҳанӯз беному нишонанд. Бештари афроди ғайбзада – 12 нафар аз Олмон ва боқимонда аз ИМА, Италия ва Фаронсаанд. Ҳамчунин сарнавишти чаҳор узви экипаж норӯшан аст. Сарвари хадамоти ҳифзи соҳилҳои Италия Марко Бруско ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки ҳанӯз ҳам шонси андаки зинда пайдо кардани одамони ғайбзада мавҷуд аст.

Ба гуфтаи мусофирон, экипаж онҳоро аз ҳодисаи ба харсангҳо бархӯрдани киштӣ хело дер огаҳ кард ва аз ин рӯ ҳама, аз ҷумла, аъзои экипаж мехостанд, ки ба ҳар роҳе набошад худро ба соҳил расонанд. Людмила, як мусофири киштӣ мегӯяд, ки саҳнаи наҷот аз Costa Concordia ба саҳнаҳо аз филми “Титаник” шабоҳат дошт. “Мо савори заврақ шудем, вале ҷой кам буд ва ҷойҳои охиринаш ба ману ҳамсарам расиданд. Баъд дарҳамбарҳамӣ шурӯъ шуд, баъзеҳо дарҳоро канда мехостанд вориди заврақи мо шаванд, онҳоро ба қафо тела медоданд, чунки заврақ аллакай пур шуда буд ва аммо одамон боз ҳам мехостанд савор шаванд, зеро заврақи дигар боқӣ намонда буд”, - мегӯяд Людмила.

Рӯзи сешанбе беш аз 70 мусофири киштии Costa Concordia, ки сайёҳати ҳафтрӯзаашон дар баҳри Миёназамин ноком шуд, дар бораи аз болои ширкати Costa Cruises ба додгоҳ шикоят бурданашон хабар доданд. Ба иттилои Анҷумани дифоъ аз ҳуқуқҳои мизоҷони Италия, мусофирон талаб доранд, ки ширкат ба ҳар мусофир дасти кам 10 000 еврогӣ ҷубронпулӣ пардохт кунад.

Соҳиби киштии ғарқшуда – ширкати Costa Cruises дар ҳодисаи бавукӯъпайваста капитан Франческо Скеттиноро айбдор мекунанд, ки гӯё аз масири аслӣ берун шуда, ба хотири худнамоишдиҳӣ киштиро ба соҳилҳои Ҷилио наздик овардааст.

Скеттино бо иттиҳоми куштор бар асари беэҳтиётӣ боздошт шудааст ва қарор аст, ки ба зудӣ додгоҳ дар мавриди дар маҳбас боқӣ мондан ё намондани ӯ тасмим бигирад.

Додситонии Италия ҳам дар ин ҳодиса Скеттиноро айбдор мехонад. Додситон Франческо Верусио капитани киштиро дар он ҳам муттаҳам мекунад, ки ҳанӯз пеш аз наҷоти мусофирон киштиро тарк намудааст. Зимнан, ин мавзӯъ дар интернет ҳам баҳс мешавад ва бисёриҳо Скеттиноро “Капитани Тарсу” ном ниҳода гуфтаанд, ӯ яке аз қонунҳои асосии дарёнавардӣ – то наҷоти охирин мусофир дар киштӣ боқӣ монданро пушти по задааст.

Вале худи Франческо Скеттино бо вуҷуди далелҳои мӯътамад иддаъо дорад, ки ӯву аъзои экипаж аз ҳам охир Costa Concordia-ро тарк кардаанд. Ӯ ҳамчунин иттиҳоми додситониро рад кард ва гуфт, ки харсангҳои зериобӣ дар харита нишон дода нашудаанд. Аммо, ба навиштаи нашрияи The Daily Mail, сокинони Ҷилио изҳор намудаанд, ки хатарнок будани соҳилҳои минтақаро ҳама дарёнавардон хуб медонанд ва киштиҳоро ҳарчӣ дуртар аз ин соҳилҳо меронанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG