Пайвандҳои дастрасӣ

Аз киштии Costa Concordia 5 ҷасади дигар пайдо карданд


Гурӯҳҳои наҷот аз киштии Costa Concordia5 ҷасади дигар пайдо кардаанд. Бад-ин тариқ шумораи афроди кушташуда ба 11 нафар расидааст. Акнун шумораи ононе, ки бедарак мебошанд, 24 нафар гуфта мешавад. 13 январ ин киштӣ бо 4 200 нафар сайёҳ ва кормандони киштӣ дар обҳои соҳилии наздикии Италия ба сахраи зери обӣ бархӯрд ва якпайлӯ афтод. Бино ба хабарҳо, об бо маводи сӯхт олуда нашудааст ва барои ин ҳодиса Франческо Шетино-новхудои киштиро гунаҳгор медонанд. Вале вай иттиҳомотро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG