Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъули додгоҳи ҳакамӣ дар додгоҳ: Маро "сафед" кунед


Муҳаббат Ҷӯраева, раиси нахустин додгоҳи ҳакамӣ дар вилояти Суғд

Муҳаббат Ҷӯраева, раиси нахустин додгоҳи ҳакамӣ дар вилояти Суғд

Муҳаббат Ҷӯраева, раиси додгоҳи ҳакамӣ, хостори қатъи бозбинии парвандааш аз сӯи додгоҳи Хуҷанд шуд. Ӯ худро беайб мешуморад.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 17 январ бозбинии парвандаи Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқдон ва раҳбари нахустин додгоҳи ҳакамии Тоҷикистон дар маркази Суғдро аз сар гирифт.

Хонум Ҷӯраеваро додгоҳ барои сӯистифода аз ваколатҳои додгоҳи ҳакамӣ мутобиқи ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор медонад.

Аммо дар оғози мурофиа Муҳаббат Ҷӯраева ва вакили дифои ӯ аз додгоҳи Хуҷанд хостанд, то бозбинии парванда қатъ ва хонум Ҷӯраева дар толори додгоҳ "сафед" карда шавад. Раҳбари нахустин додгоҳи ҳакамӣ ба "Озодӣ" гуфт, "ба сабаби он ки оғоз ва тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ман ғайриқонунӣ, нодуруст ва беасос мебошад, талаб кардам, то дар асоси банди 27-и Кодекси ҷиноӣ, яъне дар аъмоли ман ҷой надоштани таркиби ҷиноӣ бозбинии парванда қатъ карда шавад."

Бозбинии парвандаи Муҳаббат Ҷӯраева дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд

Бозбинии парвандаи Муҳаббат Ҷӯраева дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд

Ин дархости ҳуқуқшинос Ҷӯраеваро аз чор нафар ҷабрдидаҳои ин парванда, ки дар толори додгоҳ ҳозир буданд, ду нафар дастгирӣ, ду нафари дигар ва айбдоркунандаи давлатӣ, Файзулло Воҳидов, намояндаи додситонии Хуҷанд рад карданд. Сафар Қурбонов, муовини раиси додгоҳи Хуҷанд ва раисикунандаи мурофиаи парвандаи Ҷӯраева эълон кард, ки додгоҳ ба хонаи машваратӣ меравад ва мурофиа, рӯзи 18 январ идома хоҳад кард.

Додгоҳи ҳакамии Хуҷанд нахустин чунин додгоҳи ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон аст, ки соли 2008 аз ҷониби Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқдони тоҷик, раҳбари маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон "Адвокати ту" таъсис шудааст. Хонум Ҷӯраева ҳимоят аз хабарнигори зиндонии тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоиловро бар ӯҳда дошт, ки аз толори додгоҳ озод шуд. Ба гуфтаи вай, додгоҳи ҳакамӣ тӯли ду соли фаъолият беш аз 150 парвандаи шаҳрвандиро баррасӣ кард. То кунун, ба таъкиди хонум Ҷӯраева, 90 дарсади қарорҳои ин додгоҳ иҷро шудаанд.

Хонум Ҷӯраева ҳимояти Муҳаммадюсуф Исмоиловро дар додгоҳ бар ӯҳда дошт...

Хонум Ҷӯраева ҳимояти Муҳаммадюсуф Исмоиловро дар додгоҳ бар ӯҳда дошт...

Ҷумъабой Юсуфов, муфаттиши шӯъбаи тафтишотии Оҷонси зиддифасод дар вилояти Суғд, ки тафтиши аввалияи парвандаи Ҷӯраеваро анҷом додааст, мегӯяд: "Қоидаи додгоҳи ҳакамӣ ин ки бояд ду тарафи баҳскунанда барои дар ин додгоҳи ҷамъиятӣ баррасӣ кардани баҳси миёни онҳо созиш банданд. Яъне, бо дархости як ҷониб додгоҳи ҳакамӣ ҳаққи бозбиниро надорад. Аммо додгоҳи ҳакамии Хуҷанд ин шартро риоя накардааст ва дар ин бора чанд нафар ариза навиштанд."

Аммо хонум Ҷӯраева ин даъвои мақомотро қабул надорад ва мегӯяд, аз он ки додгоҳи ҷамъиятӣ майдони фаъолиятро барои додгоҳҳои давлатӣ танг мекунад, мақомот ҳарос фаро гирифтааст. Ӯ гуфт, чанд нафари аз қарори додгоҳи ҳакамӣ норозиро бар зидди ӯ таҳрик доданд, то ба мақомот шикоят баранд. Аз ин рӯ, Муҳаббат Ҷӯраева парвандаашро "фармоишӣ" номид.

Ҳамакнун фаъолияти минбаъдаи ин додгоҳи ҷамъиятӣ бастагӣ ба қарори додгоҳи шаҳри Хуҷанд дорад, ки оё хонум Ҷӯраеваро сафед хоҳад кард ё гунаҳкор эълон хоҳад намуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG