Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Карзай аз Толибон дар мубориза бо полиомелит


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон имрӯз аз густариши бемории полиомелит дар қаламрави кишвараш изҳори нигаронӣ кард. Вай аз Толибон даъват кард, ки барои воксин задани гирифторони ин беморӣ пизишконро ба минтақаҳои зери контроли худ роҳ диҳанд. Карзай гуфт, “ононе, ки монеи воксинзанӣ мешаванд, душманони воқеии ояндаи фарзандони мо мебошанд”. Оқои Карзай ҳамчунин аз муллоҳо, уламои ислом ва раҳбарони қабоил хост, ки дар ин кор бо пизишкон ҳамкорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG