Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошт барои қочоқи нӯшокиҳои спиртӣ


Баҳром Ғоибов-иҷрокунандаи вазифаи сардори гузаргоҳи марзии Ишкошим барои кочоқи нӯшокиҳои спиртӣ ва сӯистифода аз ваколати хизматиаш боздошт шудааст.
Қаблан Ҳабибуллоҳ Фурӯғӣ-сардори пулиси вулусволиҳои Ишкошиму Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон дар як нишасти хабарӣ дар Хоруғ гуфт, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон бо мошини пур аз шароб дар қаламрави Афғонистон боздошт шудаанд. Вай афзуд:

«Ман намегӯям марзбонони ду тараф дар кочоқ даст доранд, вале боз ҳам қочоқбарони маводи алкулӣ ба даст афтоданд.»

Аммо парвандаи ҷиноӣ муваққатан то баргардондани ин ду шаҳрванди Тоҷикистон, қатъ гардидааст.
XS
SM
MD
LG