Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе-Киев-Душанбе масири нави "Сомон Эйр"


Ширкати ҳавоии “Сомон Эйр” хабар додааст, ки дар хати сайри Душанбе-Киев-Душанбе ҳафтае як парвоз анҷом медиҳад. Интизор меравад, ки нахустин парвоз дар ин масир 23 феврал анҷом бигирад. Нархи билет барои як самт 250 евро эълон шудааст. Нархи билети рафту баргашт 500 евро пешбинӣ шудааст. Дар ин масир ҳавопаймои Боинг парвоз мекунад ва ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе соати 16: 00 як парвоз дар назар гирифта шудааст. Парвози бозгашт аз Киев соати 20:35 дақиқаи ҳамон рӯз сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG