Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Соли 2011 дар офатҳои Тоҷикистон 11 нафар ҷон додаанд


Соли 2011 дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 11 нафар ҷон бохтаанд. Дар ин бора дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе Абдусаттор Хушвахтов-муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба рӯзноманигорон хабар додааст. Бино ба гуфтаи вай, соли 2011 нисбат ба соли 2010 офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон камтар сабти ном шудааст. Соли 2010 61 нафар ба ҳалокат расида буданд. Соли гузашта зарари расида 43 миллион сомониро ташкил додааст, дар ҳоле, ки ин шумора дар соли 2010 518 миллион сомонӣ будааст.
XS
SM
MD
LG