Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Молдова: Мо дар як шаб бесавод шудем


Тазоҳуроти тарафдорони истиқлолияти Приднестровйе ва мухолифони онҳо. Дубосарӣ, 1-уми октябри соли 1991.

Тазоҳуроти тарафдорони истиқлолияти Приднестровйе ва мухолифони онҳо. Дубосарӣ, 1-уми октябри соли 1991.

Шояд ҳеч чизе дар бозтоби воқеаҳои таърихӣ ҷолибтар аз нақли шоҳидони зинда набошад.

Василе Ботнару, раиси дафтари Бахши молдовии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Кишинёв мегӯяд, Иттиҳоди Шӯравӣ дар сафҳаи даҳуми ҳолномаи ӯ, байни ду хат, суқут кардааст. Ду ҷумлае, ки ҳар кадом ба хатти дигар навишта шудааст, зеро ду сол пеш аз фурӯпошии СССР ҳуруфи лотинӣ ба расмулхатти забони давлатии молдовӣ табдил ёфт ва Ботнару ҳамчун журналист дар сафи пеши ин гузариш қарор дошт.
Дар Тоҷикистони он солҳо низ ҳамзамон бо мақоми давлатӣ гирифтани забон пешниҳод мешуд, ки кишвар ба алифбои арабиасос ё хатти форсӣ гузарад.

Ботнару меафзояд: “Гузариш ба расмулхатти лотинӣ як дастоварди бузурги инқилоб буд. Амалан ин як таҷассуми дигаргуниҳо ва таҷассуми ҷудошавӣ аз Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Ёд дорам, ки аввалин китоби алифбои ҳуруфи лотинӣ пайдо шуд ва хеле кам буд. Бачаҳои ман маҷбур буданд, забони руминиро аз рӯи алифбое омӯзанд, ки фотокопӣ шуда буд.”

Дар ин навор хоҳед шунид, ки молдовиҳо он вақт мегуфтанд, дар як шаб бесавод шудаанд, зеро ҳама кириллиро медонист, вале танҳо шумори хурди одамон ба расмулхатти лотинӣ менавиштанд.



Бо нашри ин навор силсилаеро оғоз мекунем, ки зери унвони нақли шоҳидон дар торнамои хурди “Бист сол бе СССР” ҷамъоварӣ шудаанд. Бо ангушт задан рӯйи номи ин тарҳ метавонед, матолиби дигари онро бубинед. Тарҳи мазкур ҳамчунин дар торнамоҳои “Хома”, “Миллат”, “Тоҷнюз” ва чанде аз блогҳо қобили дарёфт аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG