Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷашн гузашт. Коргарон ҳанӯз маош нагирифтаанд


Бинои "Кохи матбуот" дар шаҳри Хуҷанд

Бинои "Кохи матбуот" дар шаҳри Хуҷанд

Садҳо коргаре, ки дар бунёди иншооти ҷашнӣ бахшида ба 20-умин солгарди истиқлоли кишвар дар вилояти Суғд саҳм доштанд, то ҳол дастмузди худро нагирифтаанд.

Яке аз ин коргарон, ки дар бунёди маҷмааи шиноварӣ дар шаҳри Хуҷанд ба ҳайси бетонрез кор кардааст, гуфт, то имрӯз ҳудуди 7 ҳазор сомонӣ маблағи кори ӯ ва ҳамроҳонашро фармоишгар -- Идораи сохтмони асосии Суғд надодааст.

Ҳамсӯҳбати мо, ки худро Мақсуд ном бурд, мегӯяд, масъулони ин идора аз моҳи сентябр ба инҷониб домани онҳоро бо чормағзи пуч пур карда, мӯҳлати пардохти маошашонро ба таъхир меандозанд.

Ба қавли Мақсуд, мақомот дар лаҳзаи барояшон зарурӣ онҳоро ба кори ба истилоҳ "зарбдорона" ва саривақт супурдани иншооти ҷашнӣ тарғиб карда, баъд аз гузаштани ҷашн додани пули онҳоро гӯиё фаромӯш намудаанд.

Аммо натанҳо коргарони алоҳида, балки баъзе аз ширкатҳое, ки дар бунёди иншооти ҷашнӣ дар шимоли кишвар саҳм гирифтанд, низ то кунун пули харҷкардаашонро ба даст наовардаанд. Юсуфҷон Умаров, раҳбари ширкати сохтмонии "Евростройсервис", ки Кохи матбуоти Хуҷандро бунёд кардааст, гуфт, фармоишгар, яъне Идораи сохтмони асосии Суғд аз коргарони ширкати мазкур 1,5 миллион сомонӣ қарздор аст.

Кохи матбуоти 13-ошёнаи Хуҷанд бо сармояи тақрибан 20 миллион сомонӣ дар давоми 3 сол бунёд шуд.

Идораи сохтмони асосии Суғд, аз фармоишгарони аслии иншооти ҷашнӣ дар вилояти Суғд, пинҳон намедорад, ки то ҳол қисме аз маблағҳои кори сохтмончиёнро пардохт накардааст.

Самад Сатторов, раҳбари идораи мазкур дар сӯҳбат бо мо гуфт, идорааш қарзи худро ба коргарон ҳатман пардохт хоҳад кард. "Мо аз коргарон ҳудуди 4 миллион сомонӣ қарз дорем ва аз рӯи шартнома ин маблағро коргарон то 6 моҳи баъди анҷоми кор мегиранд. Онҳо объектро моҳи сентябр супурда буданд, маблағи боқимондаи онҳоро мо ба зудтарин фурсат пардохт мекунем",-илова кард ҷаноби Сатторов.

Моҳи сентябри соли гузашта мақомоти Тоҷикистон аз бунёди 1 ҳазору 400 иншооти ҷашнӣ ба истиқболи таҷлил аз бистумин солгарди истиқлол дар қаламрави кишвар бо арзиши умумии беш аз 220 миллион доллар иттилоъ доданд.

Аз ҷумла, дар вилояти Суғд низ 200 иншооти ҷашнӣ, умдатан иншооти тафреҳию фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, мисли маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ, Кохи матбуот, бемористон ва майдону хиёбонҳо бунёд гардид. Сарчашмаи хазинаи ин иншоотро мақомоти Суғд борҳо на аз буҷаи вилоятӣ, балки аз "фонди захиравӣ"-и раиси вилоят баён дошта буданд. Пули фонде, ки зоҳиран ба пардохти пули коргарон нарасидааст ва ё аз фонд берун шудаву ба дасти коргарон нарасидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG